Даниэла Зел
Даниэла Зел − шоир, тарҷумон ва ношир соли 1974 дар Франкфурти лаби дарёи Майн чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар шаҳри Берлин умр ба сар мебарад. Соли 2003 бо тарроҳи китоб ва рассом Андреас Тёпфер нашриёти мустақили “Кукбукс” (озмоишгоҳ барои шеър ҳамчун шакли ҳаёт) - яке аз муҳимтарин нашриётҳои лирикаи муосирро таъсис дод. Нахустин маҷмуаи ашъораш “Ман ин ҷойро боз ёфта наметавонам” соли 2011 дар нашриёти “Кукбукс” ба табъ расида, сазовори Ҷоизаи Фридрих Ҳёлдерлин, Ҷоизаи Эрнст Майстер ва Ҷоизаи ҳунарӣ барои адабиёти Лотто Брандербург гардид. Соли 2015 маҷмуаи ашъораш “Ту дар бораи прерия чӣ медонӣ?” нашр гардид. Шеърҳои ӯ тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, антологияҳо, радио ва интернет нашр гардида, то имрӯз ба 13 забон тарҷума шудаанд.
Kurzbiographie (Daniela Seel)
Ҳамаи шеърҳо